Сомонаи "Азия-Плюс" бо VPN ҳам боз намешавад, чаро?
     TJ RU EN
12:56 / 2024-11-16

Сомонаи "Азия-Плюс" бо VPN ҳам боз намешавад, чаро?

Сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони ин хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд.

Масъулони хабаргузорӣ рӯзи 20-уми август гуфтанд, таҳқиқи онҳо нишон дод, ки дар DNS-сервери вебсайт хато рафтааст ва маълум нест чӣ гуна.

"Барои фаҳмидани асли қазия ба ширкати фароҳамкунандаи интернет муроҷиат кардем. Ҳамчунин дар як нома ниҳоди зери итоати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки доменҳои ТҶ-ро назорат мекунад, дар ҷараён гузоштем", -- гуфтанд дар "Азия-Плюс".

Ҳоло матолиби хабаргузорӣ дар нишонии https://asiaplustj.info/ аст

Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август гуфт, "дар ин кор даст надоранд".

Ӯ гуфт, бино ба хабари расонаҳо вебсайти "Азия Плюс" дар ҳудуди Русия бо қарори "Роскомнадзор" баста шудааст ва онҳо интернетро аз Русия мегиранд.

"Дар инҷо Хадамоти алоқа коре накардааст. Бори дӯши мо накунед. Аз ягон технология ҳам истифода нашудааст. Сомонаи "Азия Плюс" ягон мушкил надорад аз нигоҳи мо", - афзуд ӯ.

Охири моҳи июли имсол "Роскомнадзор" – хадамоти нозири арсаи мухобирот дар Русия - дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро дар қаламрави ин кишвар масдуд кард.

Мақомоти Русия далели чунин иқдоми худро расонаӣ накардаанд. Вале масъулони хабаргузорӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Русия аз нашри хабари худкушии як зан дар Хуҷанд нигарон шуда, онҳоро ба таблиғи "ончи дар ҳудуди Русия манъ аст", муттаҳам кардааст.

Оҷонси иттилотӣ ва ҳафтаномаи "Азия-Плюс" дар ҳоли ҳозир аз расонаҳои пештози Тоҷикистон аст, ки дар миёни расонаҳои мустақил мухотаби бештар дорад.

Дастрасӣ ба сомонаи ин оҷонсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле пурра масдуд шудааст, ки моҳҳо боз хонандагонаш бе филтршикан ба ин сомона ворид шуда наметавонистанд.

https://www.centralasian.org/a/30119879.html?ltflags=mailer


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима